НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

IMG-9b3f36786125bf4e3a13cd17e244dff2-V

Бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода маҷлиси ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии “Ёрӣ ба хона” ва  “Молия”  доир гардид. Нахуст, масъулони ташкилотҳои ибтидои доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2020 маълумоти муфассал доданд. Зимни баромад қайд карда шуд, ки ташкилотҳои ибтидои дар асоси дастуру супоишҳои КИН амал намуда, баҳри иҷрои Оиннома ва Барномаҳои созандаи ҲХДТ дар соли ҷорӣ 92  вохӯрӣ ва корҳои тарғиботиву ташфиқотиро дар байни аъзоён доир намуд.  Ҳамчунин дар маҷлис оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар масъалаҳои мавридиназар андешаронӣ карда шуд. Раиси КИН фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро мавриди таҳлил қарор дода, доир ба камбудиҳои ҷойдоштаи ташкилотҳо дар самти ҳуҷҷатгузорӣ маслиҳатҳои судманд дода, аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои бандҳои нақшаи пешбинишудаи 2021 чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон баъд аз маҷлиси ҳисоботӣ, дар ташкилоти ибтидоии “Молия” семинари машваратӣ доир роҳу усулҳои пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ доир гардид, ки дар он моҳияти “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд. Маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии КИН бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>