ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

138103188_842365619891431_6320522653511775819_o

Санаи 11-уми январи соли 2021 бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар назди КФД “Қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсия” ва БДА “Амонатбонк”-и ноҳияи Ашт доир гардид.

Дар рафти маҷлисҳо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии худ барои соли 2020 ҳисобот доданд.

Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова Муътабар низ дар навбати худ оид ба фаъолияти густурдаи ҲХДТ, ки зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” амал менамояд, ибрози андеша карда, доир ба камбудиҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ маслиҳатҳои судманд дод.

Бояд қайд кард, ки дигар маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>