Маҷисҳои ҳисоботӣ оғоз шуданд

IMG_7319

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  маҷлисҳои ҳисоботӣ барпо гардиданд.

          Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии шаҳраки Суғдиён, ки бо иштироки раиси Кумимтаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода баргузор шуд, раиси ташкилоти ибтидоӣ  Абдумалик  Ҷалилов дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, аъзоёни ҳизб дар соли 2020 ҳисобот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки онҳо дар ин давра ба тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, Барномаҳои пешазинтихоботии ҳизб, тарзи солими ҳаёт, пешгирии бемории вогири коронавирус дар байни аҳолӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар иҷрои  вазифаҳои оинномавии ҳизбӣ низ фаъол буданд.
Раиси Кумитаи иҷроия М. Шукурзода дар ҷаласа таваҷҷӯҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҳизбиёнро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани тарғибу ташвиқот , дастовардҳои Тоҷикистон дар  30 соли  Истиқлол, баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҳар як аъзои ҳизб ҷалб намуд.

         Зимнан, ин ташкилоти ибтидоӣ дар қатори беҳтарин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбӣ буда, дар роҳандозии  ҳуҷатгузорӣ,   омода намудани ҳисоботҳо ва супоридани аъзоҳаққии ҳизбӣ низ фаъол аст.

         Ҳамчунин  бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии таваллудхонаи шаҳрӣ, КФД Обу ташноб, ҷамоати деҳоти Косатарош ва ҷамъияти матлуботи шаҳр маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>