Кумитаи иҷроия ба эҳтиёҷмандон сӯзишворӣ дастрас намуд

IMG_7375

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент  тибқи дастури Кумиҷроияи вилоятии ҳизб ба оилаҳои эҳтиёҷманд ангишт ва ҳезум дастрас кард.

          Дар ин рӯзҳои сарди фасли зимистон, ки  захираи сӯзишворӣ дар  оилаи   Хушбахтовҳо, хеле кам монда буд, дастовези Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иборат аз 150 кило ангишт ва  0,5 метри мукааб ҳезумро  бо миннатдорӣ қабул намуданд. Дар ин оила ду нафар маъюб умр ба сар мебаранд

Инчунин ба шаш оилаи дигари эҳтиёҷманд, ки кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр пешниҳод кардаанд, раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Мурод Шукурзода  ва кормандони масъули  он ангишт ва ҳезум дастрас намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>