МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КАТС”

IMG_20210111_101345

Санаи 11 январи соли 2021 тибқи иҷроиши барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “КАТС” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.

Маҷлиси ҷамъбастиро Валиматова Муҳайё — раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “КАТС” ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти ТИ дар соли 2020 ҳисобот дод ва аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли сипаригардида, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “КАТС” тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар соли сипаригардида ТИ ҲХДТ «КАТС» тибқи нақшаи барои соли 2020 тасдиқгардида фаъолият намуда чорабиниҳои пешбинишударо асосан ба иҷро расонид. Аз ҷумла тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда,   мувофиқи имконият ба як қатор оилаҳои камбизоату маъюб кӯмакҳои моддӣ  расонида шуда, ҷиҳати пешгирии  паҳншавии касалии сироятии «COVID-19»  ба як қатор сокинони ноҳия ниқобҳои муҳофизати ва маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуданд.

Одилзода Р. зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҲХДТ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа, имкониятҳои мусоид ҷиҳати ташаккули нерӯи инсонӣ дар асоси адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон, пайваста кӯшиш менамояд. Аз ҷониби аъзоёни ТИ ҲХДТ «КАТС» фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>