ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ КУМИТИАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯВӢ

IMG_0002

Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи марказӣ идомаи ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории соли 2020 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт  бо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласа муовини ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия Мамадёров А. оиди рафти фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли 2020,  пешгирии бемории сироятии коронавирус ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи тиб ҳисобот дод.

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода  оиди  фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ дар соли 2020, муборизаи онҳо дар пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз фикру ақидаи хешро иброз намуда аз номи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба кулли кормандони соҳаи тибӣ ноҳия изҳори сипос намуд.

 Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва Салимзода Мадинахон ба сухан баромада, оиди фаъолияти кории ташкилоти ибтидоӣ ва ба тамоми кормандони соҳаи тиб, ки  бар зидди пешгирии бемории сироятии COVID-19 саҳми худро гузоштанд,  миннатдорӣ баён карданд.

Дар охир ба якчанд нафар кормандони соҳаи тиб, фаъолони ҳизб, собиқадорон ва ҷавононе, ки барои саҳми арзанда гузоштан дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб ва саҳм гузоштан дар пешгирии бемории сироятии COVID-19  бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>