БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШУЪБАҲОИ КОР БО ЗАНОН ВА ҶАВОНОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

IMG_0138

Санаи 12-уми  январи соли 2021 мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар  толори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 доир гардид.

Дар ҷаласа раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон Қодир, ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ иштирок намуданд. Инчунин собиқадорон, занону ҷавонон ва фаъолони ҳизб низ ширкат доштанд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи кор бо занон Зиёбиддинова Гулчеҳра  ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН Рузиматов Диловар ба сухан баромада, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани  XIII  ҳизб ва қарорҳои Конфронси XIII -и ҲХДТ дар вилояти Суғд, иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”,  “Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои зуроварӣ нисбати занон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалб намудани наврассону ҷавонон ба илму ҳунаромӯзӣ ва  дар самти татбиқи сиёсати занону ҷавонон ҳамчун нерӯи тавоною созанда ва барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкорона ва ташаббускории онҳо, баъдан оид ба корҳои иҷрогардида дар давоми соли 2020 маърӯзаи муфассал пешниҳод намуданд.

Сипас вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят Муллоҷонова Д оиди “Нақши зан дар ҷомеа” ва омӯзгори ҷавони литсейи №2 Дадоҷонова Ш дар мавзӯи “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” суханҳои пурмӯҳтаво карда, зикр доштанд, ки имрӯзҳо занону ҷавонон пешбарандаи ҷомеа буда, дар атрофи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид шуда, дар пешрафти ҷомеа  ва тарбияи насли наврас саҳми худро мегузоранд.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон Қодир ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров аз фаъолияти шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони КИН натиҷабардорӣ карда, нисбати ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ дар байни занон ва ҷавонон, кам кардани сатҳи муҳоҷират дар байни занон, пурзӯр гардонидани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, бемориҳои сироятӣ, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар охир ба якчанд нафар бонувони фаъоли ҳизб, собиқадорон ва ҷавонон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуда,  ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҳизб қабулгардида дар вазъияти тантанавӣ  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>