Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи шуъбаи кор бо занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

IMG_20210112_100637

Дар толори Ҷамъияти Матлуботи ноҳияи Деваштич бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дадабоева М ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи шӯъбаи кор бо занон ва кор бо ҷавонон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни фаъоли ҳизб, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо аз ҳисоби занҳо ,ҷавондухтарон ва вакилон иштирок намуданд. Ҷаласаро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Исмоилиён К.И ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.Аз рӯи масъалаи дар рӯзнома буда ҳисоботи солонаи кор бо занони ва ҷавонон шунида шуд. Сипас аз рӯи рӯзнома Нигинаи Фаррух, Қурбонова Манижа, Аюбова Райҳона  ва Азимова Мафтуна ба маърӯза баромада, фаъолияти шуъбаҳоро дар давоми соли 2020 назаррас арзёбӣ карданд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон Дадабоева М дар баромади худ фаъолияти шуъбаро таҳлил намуда, барои пешравии фаъолияти оянда андешаҳои худро иброз намуда, ба кори ояндаи шуъбаҳо бурдбориҳо таманно кард. Дар охир  ба аъзоёни нав интихобшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба фаъолон  ҳизб Сипосномаҳои КИ ҲХДТ бо тантана супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>