Конференсияи XXVIII –уми ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

IMG_8771

Рӯзи гузашта дар ноҳияи Зафаробод конференсияи XXVIII –уми ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳия тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи талаботи Оинномавии ҳизб баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва вакилони конференсия иштирок намуданд. Дар конференсия як масъала — пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50”  баррасӣ гардид.

Дар  кори  Конфренсия номзадии раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз ҳисоби аъзои ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор” №50  пешбарӣ карда шуд. Баъд аз муаррифии номзад ва баромади вакилон доир ба фаъолияти пурсамари номзади пешниҳодшуда дар  соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат, аз ҷумла мусоидат дар татбиқи Барномаи ҲХДТ номзадии Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз тарафи вакилон  якдилона пазируфта шуда, аз комиссияи ҳавзаи интихоботӣ ҷиҳати ба қайдгирии номзад пурсида шуд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба сухан баромада миннатдории худро  ҷиҳати боварӣ ба вакилони конференсия баён намуд.

 Конференсияи XXVIII –уми ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>