МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ»

изображение_viber_2021-01-12_15-45-41

Санаи 12 январи соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Беморхонаи Марказӣ” бо иштироки намояндагони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.

    Маҷлиси ҷамъбастиро Маликов Алиҷон  — муовини  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Беморхонаи Марказӣ” ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти ТИ дар соли 2020 ҳисобот дод ва аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли сипаригардида, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Беморхонаи Марказӣ” тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар соли сипаригардида ТИ ҲХДТ «Беморхонаи Марказӣ” тибқи нақшаи барои соли 2020 тасдиқгардида фаъолият намуда, чорабиниҳои пешбинишударо асосан  дар самти тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда,  мувофиқи имконият ба як қатор оилаҳои камбизоату маъюб кӯмакҳои моддӣ расониданд, ҷиҳати пешгирии  паҳншавии бемории сироятии «COVID сироятии «COVID-19»  ба як қатор сокинони шаҳр ниқобҳои муҳофизати ва маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуданд.

Масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҲХДТ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа пайваста кӯшиш менамояд.

Ҳамчунин дар фарҷоми ҷаласа  чанде аз фаъолони соҳа қадршиносӣ гардида, чанде аз ҷавонон ба сафи узвияти ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ қабул гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>