Ҷавонон ва бонувон машварат оростанд

_MG_7450

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

           Тибқи рӯзномаи ҷаласа  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева  фаъолияти шуъбаро дар соли 2020 баррасӣ намуда,  аз ҷумла таъкид кард, ки ҳоло беш аз 40 дарсади аъзоёни ташкилти шаҳрии ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд ва  онҳо дар баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ нақши бориз доранд. Ҳамчунин беш аз 1700 нафар ҷавонон чун ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” соли гузашта дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии амрози вогир, баргузории ҳамоишҳои ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ, кӯмак ба эҳтиёҷмандон саҳм гузоштанд.

          Дар гузориши сармутахассиси Кумитаи иҷроия Зулфия Бобобекова фаъолияти ташкилоти шаҳрии ҳизб дар самти кор бо бонувон таҳлил карда, зикр шуд, ки занон аз нерӯи асосӣ ва пешбарандаи ҳизбӣ буда,онҳо дар ҳама  чорабиниҳо, аз ҷумла аксияю ҳамоишҳо, корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани муқаррароти Қонун “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,пешгирии хушунат дар оила, тарбияи дурусти фарзандон, баргузории озмунҳо ва ғайра иштироки фаъолона доштанд.

          Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова, сарвари мамнӯъгоҳи таърихӣ- бостоншиносии Саразм- Панҷакент Норинисо Худоёрова ва  Нодира Саломова- корманди коллеҷи тибии шаҳр, мулоҳизаҳояшонро ҷиҳати беҳтар намудани кор бо ҷавонон ва бонувон баён доштанд.

         Раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар ҷаласа   вазъи корҳоро дар самти кор бо ҷавонон ва занон таҳлил намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба боз ҳам беҳтар намудани кор бо ин табақаи аъзоёни ҳизб, ҷалби бештари ҷавонону бонувон ба ободкориву созандагӣ ба истиқболи 30- юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида  ҷалб намуд.

         Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>