Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

IMG_20210112_090414

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Агентии минтақавии Тоҷикстандарт дар ҷаласаи ҷамъбастӣ  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ   Насиба   Мӯсозодаро  бо маром шуниданд.

          Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 26 нафар кормандони муассисаро  муттаҳид намуда, онҳо баробари иҷрои  вазифаҳои хидматӣ дар корҳои ҳизбӣ низ иштироки фаъолона доранд. Тибқи нақша дар муассиса бо ташаббуси ҳизбиён  ҳар семоҳа фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва ҳизбиён баррасӣ шуда, ҳисоботҳои оморӣ ва молиявӣ  сари вақт ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент   ирсол карда мешаванд. Ҳуҷраи ҳизбӣ хуб оро ёфта, ба маркази корҳои тарғиботӣ табдил ёфтааст.

          Мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев  дар вақти суханрониаш фаъолияти ҳизбиёни муассисаро дар соли 2021 хуб арзёбӣ намуд.

          Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷекент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  бахши шаҳрии  Тоҷиксуғурта , бахши фарҳанг ва китобхонаи марказии шаҳр низ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баргузор шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>