Баргузори маҷлиси ҳисоботии ТИ “Маорифчиён”

IMG_8837

Зимни сафари корӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар маҷлиси ҳисоботии ТИ “Маорифчиён” иштирок намуд. Маҷлиси  ҳисоботии ТИ “Маорифчиён” бо ишитроки ҳамсафон аз ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Ҳисоботи фаъолияти ташкилот аз ҷониби муовини раиси ТИ “Маорифчиён” Боймуродов Ҳабибулло ироа гардида, фаъолияти ТИ давоми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пас аз музокира ба пешниҳоди таклифҳо фаъолияти ТИ “Маорифчиён” хуб арзёбӣ гардида, ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар давраи минбаъда тавсияҳои судманд дода шуд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромади худ аз фаъолияти ТИ “Маорифчиён” натиҷабардорӣ намуда, доир ба мақому рисолати омӯзгор нақши он дар пешрафти ҷомеа, аз ҷумла фаъолияти аъзоёни ҳизб дар ташкилоти мазкур тавсияҳои судманд дод. Номбурда зикр намуд, ки омӯзгорон дар татбиқи Барномаи ҲХДТ ва ҳадафҳои он аз ҷумлаи аъзоёни фаъоли ҳизб мебошанд. Сипас ба фаъолони ташкилот Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маҷлиси ҳисоботии ТИ “Маорифчиён” бо қабули қарорҳои дахлдор кори худро анҷом дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>