МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ БАЧАГОНА»

изображение_viber_2021-01-13_11-06-51

Субҳи  имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар “Беморхонаи бачагона”-и шаҳри конибодом бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид. Маҷлиси ҷамъбастиро Раҳимов Қурбоналӣ — Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, сардухтури беморхонаи бачагона ифтитоҳ намуд. Доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи бачагона” дар соли 2020 котиби ташкилот Бобоҷонова Гулсара ҳисобот дод. Дар рафти баромади худ Бобоҷонова Гулсара дар баробарӣ  доир ба корҳои ба сомон расонидашуда дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, ғояву маромҳо ва Барномаҳои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инчунин ба масъалаи пешгирии паҳншавии бемории сироятии каронавирус ва саҳми кормандони ташкилот дар таъмини солимии ҷомеа истода гузашт.

Намояндаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуданд, ки ҲХДТ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа пайваста кӯшиш менамояд.

Ҳамчунин дар фарҷоми ҷаласа чанде аз фаъолони ташкилот бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом қадршиносӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>