Паёми Пешвои муаззами миллат – илҳомбахши кору зиндагии мо ҷавонон аст

143478285_1983664228455990_7966505244719616625_o

Бо руҳу илҳоми тоза ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвари маҳбуб чун дигар сокинони баору нанги Тоҷикистони азиз, мо сокинон ва бахусус ҷавонони шаҳри Бӯстон низ паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро сарҷамъона тамошо кардем.

Дар ҳақиқат ҳар паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ва халқи шарафманди тоҷик аз дигаре ба кулли фарқ карда, дар он нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас муайяну пешниҳод мегарданд. Паёми имсолаи Президенти мамлакат, ки ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, дар замони торафт печидаи авзои ҷомеа, хуруҷи бемории сироятии коронавирус ва дар пешорӯи ҷомеа қарор гирифтани мушкилоти рӯзафзун бо роҳнамоиву андешаҳои ҳадафмандона муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба мардуми шарифи кишвар ҷиҳати расидан ба натиҷаи назаррас дар ҳама ҷабҳаҳо муроҷиат намуданд.

Нахуст Пешвои муаззами миллат аз раванди таъсири манфии бемории сироятии коронавирус ва босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ, афзоиши бесобиқаи бекорӣ, боз ҳам печида гардидани вазъияти сайёра бо таҳлилҳои мушаххас ибрози назар намуда, баён доштанд, ки мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди тадбирҳои таъхирнопазири Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат гардидем, ки чунин ғамхориҳову нақшаҳои дурнигарона мардуми шарифи кишварро руҳбаланд намуда, сокинонро барои дастаҷамъона паси сар намудани мушкилоти бавуҷудомада раҳнамоӣ намуд.

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи санаи саодати миллат, ҷашни муқаддасу умумимиллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандиву ифтихори базурги ватандорӣ ва сарфи назар аз хуруҷи саросарии пандемия соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд дар соли 2020 баҳри амалӣ намудани нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузорӣ намуданд. Аз ҷумла соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ва дастгирии фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои дахлдори давлатиро вазифадор намуданд, ки барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бо мақсади гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, нақш ва ҷойгоҳи олимону донишмандон дар пешрафти илму маданияти кишвар дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил намудани ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ аз рӯйдодҳои хубу хотирмони соли 2020 ишора гардид. Дар ин радиф баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҳамраъйиву ҳамовозии сокинони кишвар аз сиёсати оқилонаву муваффақонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат дар соли сипаришуда маҳсуб меёбад.

Масъалаи марҳила ба марҳила ноил гардидан ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат низ дар меҳвари паёми Президенти кишвар қарор гирифта, муҳтарам Ҷаноби Олӣ аз амалӣ гардидани силсилаи стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва нақшаву ниятҳои неку созанда ибрози назар намуда, барои расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу шоиста масъулинро муваззаф намуданд.

Чун дигар соҳаҳои калидии кишвар меҳвари паёми солонаро таваҷҷуҳ ба масоили рушди илму маърифат фаро гирифта, бо натиҷаҳои самарабахши озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар партави солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ин пешниҳоди ҷолибу саривақтӣ, ки бештар ба афзун гардидани навгониҳои илмиву кашшофӣ ва рушди қобилияти эҷодии насли наврасу ҷавон замина мегузорад дар марҳилаи рушди бонизоми илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ хеле бамавриду саривақтист.

Ҳамзамон бо дастури Пешвои муаззаму ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи интихоб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул кардани ғолибони озмунҳо ва ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбири шоиста дар ҷодаи омода намудани кадрҳои соҳибтахассусу соҳибунвон маҳсуб меёбад.

Масъалаи дастгирии давлатии занону ҷавонон низ аз масъалаҳои меҳварии Паём маҳсуб ёфт. Амалӣ намудани тадбирҳои шоистаи навбатӣ дар самти таҳияи санадҳои зарурӣ дар ин самт далели равшани гуфтаҳои болоист.

Пешвои муаззами миллат ба масъалаҳои зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳ равона намуда, изҳор доштанд, ки “пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Ҳамзамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ аз фаъолияти тахрибкоронаву хиёнатпешагии хоинону бадхоҳони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо, ки то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90–ум доштанд, даст накашидаанд ёдовар шуда, дар ин замина аз мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар даъват ба амал оварданд, ки аъмоли зишти ин қабил афроди ватанфурӯшро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Мо ҷавонони шаҳри Бӯстон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва бо такяву илҳом аз ҳидоятномаҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ҷаҳду талош менамоем, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва дар амри муҳиму хайри созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни саодату озодии миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи босазои хешро гузорем.

Мо ҷавонон паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ намуда, баҳри амалӣ гардонидани саросарии он беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳем намуд.

Мамнур Нурзода,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>