ПАЁМ ТАҲРИКДИҲАНДАИ ҶАВОНОН

20210130_151425

Номи туро нависем эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоҷи қасри миллат.

Ҳамасола паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ ироа мегардад. Дар паём аз тарафи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ таҳлил ва натиҷагирӣ мешаванд.

 Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон   таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳои муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рӯҳи ҷавонон мувофиқ сохта дар доираи сиёсати созандаи ваҳдати миллӣ миёни ҷавонон меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандози намуданд.

Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву буёдкорӣ тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин ҳимояи марзу буми ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат мусоидат менамояд.

 Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон гардидаанд.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон мо соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентиро хеле зиёд карда шуда буд.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менакарда шуд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиноси худшиносиву худогоҳии руҳияи озодиҳои ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта бори дигар водор месозад то ба қадри неъматҳои бебаҳо ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем.

Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.

Бояд зикр намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонони боғайрат ва   ватандӯсту соҳибмаърифат  нерӯи созандаи тамоми худро   ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

           Шаҳриёр Раҳимзода,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

         кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>