Иштирок дар намоиши кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

144382614_5004109012992578_8031583815876736887_o

http://www.president.tj/node/25065

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ боздид намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳия дастовардҳои худро дар самти боғдорӣ ва чорводорӣ дар намоишгоҳи мазкур муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони ноҳия шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, феълан дар баробари нигоҳубин ва парвариши боғҳои маъмулӣ дар ноҳия бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бомаром идома дорад.

Боғдорон зимни муаррифии навъҳои гуногуни дарахтони қадпаст, ки барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ пешбинӣ гаштаанд, иброз доштанд, ки айни замон масоҳати боғҳои интенсивӣ дар ноҳия 90 гектарро ташкил дода, наздик ба 8 гектари онро боғи суперинтенсивӣ дар бар мегирад.

Маҳсулоте, ки аз чунин боғҳо ҷамъоварӣ мегардад, асосан таъиноти содиротӣ дошта, дорои сифати баланд, таъми хуш ва шаклу намуди диққатҷалбкунанда мебошанд.

Дар намоишгоҳи мазкур дарахтони қадпасти сиёҳолу, чор навъи шафтолу ва ду навъи зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парваришу зиёд намудани онҳо ба роҳ монда шудааст, пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, ҳамчунин дарахтони он тезтар ба ҳосил медароянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” майдони боғ ва токзор дар ҳудуди ноҳия афзоиш ёфта, ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он зиёд карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷу равнақ додани боғпарварӣ бо усули нав дар ҳудуди ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати нигоҳубину парвариши дурусти дарахтони қадпаст ба масъулин маслиҳату дастурҳои муфид доданд.

Аҳли заҳмати ноҳия дар тадбири мазкур ҳамчунин чорвои хушзотро, ки имрӯз дар хоҷагиҳои кишоварзӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад, ба намоиш гузоштанд.

Иброз гардид, ки чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо қабули барномаҳои соҳавӣ бахши чорводорӣ рушд карда, саршумори чорвои калони шохдор ва чорвои майда афзоиш ёфт. Аз ҷумла, дар соли 2020 саршумори чорвои калон дар ноҳия 2873 сар зиёд гардида, теъдоди умумии он ба 80553 сар расонида шуд.

Дар ҳудуди вилоят “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ҳамаҷониба амалӣ гашта, дар ин доира нишондиҳандаҳои хуби рушд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2020 саршумори чорвои калони шохдор дар миқёси вилоят ба 669 ҳазору 710 сар расонида шуда, саршумори чорвои майда ба 1 миллиону 574 ҳазору 769 сар баробар гардид, ки нишондоди чорвои майда нисбат ба соли 2019 12 ҳазору 735 сар зиёдтар мебошад.

Дар намоишгоҳи имрӯза навъҳои хушзоти чорвои калони ширдеҳ, аз ҷумла зоти навъи тоҷикӣ, буқаҳои сементал ва говҳои ширдеҳи намуди сементал ба маъраз гузошта шуданд. Ба иттилои кишоварзон навъҳои хушзоти сементал ба обу ҳавои кишвари мо мувофиқ буда, аз лиҳози самаранокӣ нисбат ба дигар зотҳо тафовут дорад. Ҳар як модагови навъи мазкур метавонад аз 22 то бештар аз 35 литр шир дода, айни замон парвариши сементал дар хоҷагиҳои хурду бузурги ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ истеҳсоли шир ва гӯшт низ ба таври назаррас боло рафтааст. Ҳамасола дар ноҳия истеҳсоли шир то ба 972,8 тонна зиёд гардида истодааст.

Дар намоишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ба ҳамин шакл дар ноҳия ҳамчунин парвариши чорвои майда равнақ ёфта, саршумори он дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳия 210 ҳазору 153 сарро ташкил медиҳад. Дар намоишгоҳи имрӯза гӯсфанди “Ҳисорӣ”, гӯсфанди дурагаи “Афғонӣ”, намудҳои маҳаллӣ, ҳамчунин бузҳои серпашми ангорӣ ба маъраз гузошта шуд. Тавре маълум гашт, дар марҳилаи наслгирӣ аз 100 сар чорвои калони ширдеҳ то 70 сар ва чорвои майда аз 100 сар то 85 сар насл гирифта мешавад, ки ба ин васила саршумори чорво дар ноҳия ҳамасола афзоиш меёбад.

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин се зоти асп, ду намуди шутур ва қутосро, ки парвариши онҳо дар ноҳия ривоҷ ёфта истодааст, ба намоиш гузоштанд.

Зимни боздид ва суҳбати самимӣ кишоварзон ба Пешвои муаззами миллат барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда барои рушд додани соҳа, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ бештар заҳмат хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои парваришу афзоиши саршумори чорвои хушзот маслиҳатҳои муфид дода, дар вазъияти феълӣ рушд додани тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзиро ҳамчун омили асосии таъмини фаровонии маҳсулот маънидод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>