Табибон дар сафи пеш

146113097_414656202928708_5808620550743840286_o
Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ — муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, бо кормандони соҳаи тибби Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Баромадкунандагон дар баробари шарҳу тавзеҳи Паём, ки аз соли сипаригашта натиҷабардорӣ карда шуда, самтҳои фаъолият барои соли 2021 муайян карда шуд, ба табибон аз заҳматҳои фидокоронаашон дар самти пешгирии бемории Ковид 19 ёдоварӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки дар вазъияти ҳассоси давраи сипаришуда заҳмати табибон шоистаи таҳсин буд. Табибон иброз доштанд, ки омодаанд рисолати касбии худро доимо сарбаландона иҷро намуда, барои пешрафти Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>