Дастурҳо аз Паём раҳнамои мост

147132123_414655916262070_6737385294692138258_o
Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо фаъолон, аминони маҳал ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод тибқи нақша баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ — муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Шавкат Шарифов-устоди ДДХ ба номи академик Б Ғафуров, Каромулло Одилов-собиқадори ҳизб, Шарифзода Туйғун-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар самти шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат намуда, дастурҳое, ки дар Паём ироа гардид шарҳу тавзеҳ доданд. Сокини шаҳрак Муҳиддин Юляхшиев аз номи ҳозирин ба гурӯҳи корӣ миннатдрӣ баён намуда, зикр дошт,ки мулоқоти рӯ ба рӯ бо сокинон барои фаҳмонидани нуктаҳои Паём ва дастурҳои созанда ба хотири рушду ободии кишвар аҳамияти хоса дорад. Мулоқот хотирмон ва судманд анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>