Паём – қутбнамои дастовардҳост!

Деваштич_Паём кутбнамост (1)_compress24

Дар ноҳияи Деваштич, дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвари маҳбубамон, ҷиҳати тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷониби гуруҳҳои тарғиботчиён аз ҳисоби собиқадорону зиёиён ва бонувону ҷавонон мулоқоту суҳбатҳо бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор шуда истодаанд. Зимни вохӯриҳо бобати дастовардҳои мамлакат, нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар қиёс бо дигар солҳо, ҳамзамон доир ба комёбиҳои сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ маълумотҳои мушаххас дода мешаванд.

Дар баробари ин, аз сокинон даъват ба амал оварда шуда истодааст, ки баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву ободониро беш аз пеш вусъат бахшида, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат ҳамагон бояд ташаббускору боғайрат бошанд, то ин ки бо дастовардҳои хеш барои рушди диёру мамлакат ҳиссагузор шуда, ба наслҳои оянда Ватани ободу пешрафтро ба мерос гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>