Мулоқот бо афсарону сарбозон

IMG_8823

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

          Роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, аъзоёни гурӯҳ , устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илми филология Нуралӣ Нуров, Боҳир Раҷабов ва директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов  таваҷҷуҳи афсарону сарбозонро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҷалб карда, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки  вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ  вогузор гардидааст ва онҳо бояд ин вазифаи муқаддасро бо камоли садоқат ба Ватан ба ҷо оранд.

         Дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, он нуктаҳои Паёми Сарвари давлат, ки ба рушди соҳаи маориф, омода намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ оид аст, аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ шарҳу эзоҳ дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>