ҲУНАРОМӮЗӢ ШАХСРО ДАР ҶОМЕА СОҲИБОБРӮ МЕГАРДОНАД

MyCollages (4)

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб имрӯз  дар литсейи касбӣ – сохтмонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нурматов Хайрулло, директори литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромад таъкид дошт, ки дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои даврҳои оянда муайян шуда,  Пешвои муаззами миллат оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Аз ҷумла дар иртибот ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандони кишвар Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки ҷиҳати азнавсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Зеро мушоҳидаҳои солҳои охир нишон доданд, ки аз сабаби кӯҳнаву фарсуда будани таҷҳизотҳои таълимӣ омодагии кадрҳо дар самти лозима ба роҳ монда нашудааст. Ба гуфтаи Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳунаромӯзӣ шахсро миёни ҷомеа соҳибобрӯ мегардонад.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар баён шуд, ки ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат мусоидат менамояд. Маҳз ба хотири маърифатнокии ин қишри ҷомеа бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод карда шуд, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Раиси шӯрои собиқадорони ҳизб Саидбой Зокиров Паёмро ҳуҷҷати раҳнамоӣ ба фаъолияти минбаъда унвон карда, амалишавии бандҳои онро бар манфиати кор донист.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз толибилмон даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат эълон карда шуд, фаъолона ширкат варзанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>