САБАҚИ НОДИР

MyCollages (4)

Нимаи дуюми имрӯз Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Сокиров ба аёдати Муҳаббат Шарифхӯҷаева, ки солҳои сол дар тарбияи насли наврас хизмати босубот кардаанд, омаданд. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, баён дошт, ки таҷрибаи андӯхтаи собиқадорон зиндагиву фаъолияти онҳо барои мардум ва хусусан барои наслҳои ҷавони кишвар дар сохтмони ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта сабақи нодир аст.

Муҳаббат Шарифхӯҷаева барои ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат миннатдорӣ изҳор намуда, қайд кард, ки меҳнати бенуқсонаш пайваста аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, мақомоти иҷроияи вилоятиву шаҳрӣ сазовор қадршиносӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>