Фаъолияти пурсамар

IMG_9160

Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон доир гардид. Дар маҷлис Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» Мадина Набизода- аъзои Кумитаи иҷроияи Марказӣ иштирок доштанд. Дар маҷлис инчунин раисони ташкилотҳои  ибтидоӣ, вакилони халқ аз  ҲХДТ, аъзои Шӯрои собиқадорон, аъзои Шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони  корхонаю  муассисаҳо ва фаъолони ҳизб  низ ширкат варзиданд.                             

Дар маҷлис се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сароғоз Раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён оид ба фаъолияти солона ҳисобот дод. Музокирачиён  фаъолияти солонаи Кумиҷроияи шаҳриро хуб арзёбӣ намуданд. Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзнома воридгардида баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.     

       Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода , Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»  Мадина Набизода зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои  фаъолияти Кумиҷроияи шаҳрӣ, инчунин оид ба бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ҳар чӣ бештар ҷалб намудани шахсони арзандаю пешқадам ба сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ва дигар масоили мавҷуда пешниҳод ва маслиҳатҳои муфид доданд.    

       Дар анҷоми ҷаласа пешқадамони фаъоли ҳизб Абдураҳмон Қосимов ва Абдуфаёз Умаршозода барои фаъолияти пурсамар дар соли 2020 бо медали ҷашнии ҲХДТ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин,  бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ фаъолон қадрдонӣ карда шуда, ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ аъзо гардидаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>