Корҳои ободонӣ дар ноҳия вусъат меёбанд

Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Зафаробод баргузор намудани корҳои ободонӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии кишварамон вусъати тоза мегирад.
Санаи 6 феврали соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумитаи давлатии идораи замин”-и ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил карда шуда зиёда аз 300 бех ниҳолҳои сояафкан шинонида шуд. Дар маъракаи ҳашар роҳбарияти ноҳия ва масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамчунин аҳли кормандони ташкилот иштирок намуданд.
Добавить комментарий