Аёдати ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба моҳи шарифи Рамазон

СПИТАМЕН. «Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти  ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар ин раванд созандагиву неки иҷтимоии ҷавонон бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди  тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд» Дар ҳақиқат ин  гуфтаҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон тариф доданд дуруст аст. Имрӯз   бахшида ба  20-солагии Ваҳдати миллӣ ва моҳи шарифи Рамазон    бо иқдоми  аъзоёни   фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» як қатор ҷавонони имконияташон маҳдуд ва маъюб, собиқадорони меҳнат   аёдат карда шудаанд.  Зимни аёдат аз ҳолу аҳволи  ҷавонони  ҷ\д  Тағояк Бойматов У, аз ҷ\д Истиқлол Эраназарова М, аз ҷ\д Т. Ӯлҷабоев Эшматов Н  хабаргири намуда ба онҳо маводҳои хӯрока орд, равған, биринҷ, шакар ва ғайраҳо расонида шуданд.   Дар оянда аз тарафи  ТҶҶ «Созандагони Ватан»бо як қатор иқдомҳои созанда ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>