Тарғиби қонуни танзим

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 22 июни соли 2017, таҳти №14 ва нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаҳмонида додани моҳияти аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санаи 24 июни соли 2017 бо хатмкунандагони Гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод ва омӯзгорон иштирок намуданд.      Умарзода Б бо сухани ифтитоҳӣ вохӯриро оғоз бахшида, оиди моҳияти аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Ҷонишини сарвари Гимназияи №1 оид ба корҳои таълим Юнусова Зебо, хонандагони фаъол Бозоров Ҷ, Домуллоҷонова Г ва Латипова Д низ  оиди фоидаҳои қонуни мазкур суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>