Маҷлиси Раёсат доир гардид

АШТ. Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир карда шуд, ки дар он раиси ноҳия Мирдадо З.М. ширкат варзид. Дар ҷаласа 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд: таъсиси ситоди ноҳиявии обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2018 ва  тасдиқи нақшаи тақсимоти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ. Аз рӯи масъалаҳои мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Б.С. зикр намуд, ки дар асоси вазифагузории Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 8 июни соли ҷорӣ маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии Минбари халқ ва Сухани халқ барои соли 2018 оғоз гардида, ҷиҳати дар кӯтоҳтарин фурсат анҷом додани миқдори муқарраргардида бояд чораҳои амалӣ ва зарурӣ андешида шавад. Баъди баррасии масъалаи мазкур ситоди ноҳиявии обуна  иборат аз 25 нафар таъсис дода шуда, нақшаи тақсимоти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мувофиқи ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷониби аъзои Раёсат тасдиқ карда шуд. Дар интиҳо аз ҷониби Раиси ноҳия Мирдадо З. махсус таъкид карда шуд, ки ҳар яки мо бояд содиқонаю софдилона ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида, баҳри иҷрои саривақтии нақшаҳои додашуда кӯшиш ба харҷ диҳем ва садоқати худро нисбати ҳизбамон собит созем. Инчунин аз тақсимоти обуна ба ташкилоту муассисаҳо розигии хешро баён намуда, сарварони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо вазифагузорӣ карда шуданд, ки ба ин чорабинии муҳим аҳамияти зарурӣ дода шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>