Гар дасти фитодае бигирӣ…

БӮСТОН. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар шаҳри Бӯстон бахшида ба фарорасии иди саиди фитр ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ корҳои хайру эҳсон ба роҳ монда шуда, дар ин айём аёдати шахсони ятиму бепарастор, имконияташон маҳдуд, пирони рӯзгордида ва оилаҳои ниёзманд сурат гирифта истодааст. Аз ҷумла бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода аёдати як қатор беморону ниёзмандон баргузор гардида, ба онҳо маводҳои озуқа дастрас карда шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба як нафар сокини шаҳри Бӯстон, ки солиёни зиёд ба аробачаи маъюбӣ ниёз дошт, аробача тақдим карда шуд. Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Бӯстон аёдати зиёда аз 200 оила дар остонаи идҳои дарпешистодаи фитр ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатпеша ба нақша гирифта шуда, ин амали хайр дар рӯзҳои ид низ идома пайдо хоҳад намуд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон ба 7 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳри Бӯстон бо дастгирии шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ва дигар сохторҳо аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>