Ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” таъсис ёфт

АШТ. Ҳизбиёни маҳаллаҳои ба номи М.Воҳидов, Бинокорон, И.Сомонӣ дар ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ иқдом гирифтанд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳанд. Ҷаласаи умумии муассисони ташкилоти ибтидоиро собиқадори ҳизб Ёрматова Д. ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки баҳри боз ҳам муттаҳид намудани аъзоёни ҳизб, иштирок дар ҳаёти ҳизбии ноҳия ва тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ моро зарур аст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ созмон диҳем, ки ин таклиф аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид. Ташкилоти ибтидоӣ «Ваҳдат» номгузорӣ карда шуда, мутобиқи банди 4.4. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 7 нафар ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Маҳкамова Назокат интихоб карда шуд. Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Б. ва муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ А. ширкат варзида, ин амали ҳизбиёнро дар арафаи ҷашнгирии 20-умин солгарди баста гардидидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нек арзёбӣ намуданд. Ҳамин тариқ, дар ноҳия боз як адад теъдоди ташкилоти ибтидоӣ зиёд гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>