Ҳамоиши “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд”

МАСТЧОҲ. Бо пайгирӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи ҷашнгирии иди Наврӯзи байналмиллал дар маҷлиси фаъолони вилоят баён гардиданд, бо ташабусси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти сарварии раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ субҳи имруз, 29 июн ҳамоиши ҷавонони ҳизбии 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд” оҳоз гардид. Беш аз 100 нафар ҷавонони ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби аъзои намояндагии маҳалии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вазъи тантанавӣ бо гулу гулдаста истиқбол гирифта шудаанд. Ҳамоиш аз гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Композитсияи адабии ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон оид ба эҳтиром ба осори гузаштагон, сулҳу ваҳдат, пойдории истиқлолият аз ҷониби ҷавонони норҳия Мастчоҳ пешкаши ҳозирин карда шуд. Парафшонии парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии0-02-05-7ab376880383db5320978d4fe31cc4d87cce33660130c6eb76a99b22e878705c_full Тоҷикистон, суруду таронаҳои ҷаззоб дар ситоиши ватандӯстиву хештаншиносӣ ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшид. Сипас дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ мулоқоти Раиси ноҳия Азиззода Ғайрат бо иштирокчиёни ҳамоиш доир гардид. Пас аз мулоқот иштирокчиёни ҳамоиш ба гуруҳҳо тақсим шуда, барои бурдани корҳои мафкуравӣ ва таблиғоту ташфиқот ба Ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Бӯстон раҳсипор гардиданд. Оид ба идомаи ҳамоиши ҷавонони ҳизбии вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ дар хабарҳои минбаъда тафсилоти бештар хоҳем дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>