Оғози фаъолияти расмии маркази адрасбофӣ

КОНИБОДОМ. Дар шаҳри Конибодом дар рӯзи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ ба фаъолияти маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ расман ифтитоҳ бахшида шуд. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва Раиси КИ ХХДТ Бобочонзода А.Т аз фаъолияти маркази мазкур ва фаъолияти занони ҳунарманд ошно гашт.  Роҳбарии марказро зани ҳунарманд, гранти Раиси вилоят Ойхон Исҳоқова гирандаи бар уҳда дорад, ки то имрӯз тибқи дастури Раиси вилояти Суғд аллакай дар 5 нуқта маркази истеҳсоли адрасу атласро таъсис дода, дар рушди атласу адрасбофӣ саҳмгузорӣ менамояд. Дар маркази нав айни ҳол 15 нафар духтарону заноне, ки курси кутоҳмуддати таълимиро хатм намуданд, бо ҷойи кор таъмин шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки барои дастгирии занони ҳунарманд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба маркази мазкур 5 дастгоҳи адрасбофӣ ва 2 мошинаи дарздӯзӣ дастрас карда шудааст. Шаҳрдор изҳор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  баҳри таъмин намудани марказ бо ашёи хом дастгирӣ хоҳад намуд. Ифтитоҳи боз як маркази таълимии адрасбофӣ дар таъмин гаштани якчанд нафар бо ҷойи кор ва то андозае ба некӯаҳволии рӯзгори онон, рушди адрасбофӣ, афзун намудани шавқу завқи духтарон ба касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, инчунин зиёд намудани сафи занони ҳунарманду соҳибзавқ мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>