Хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ба истироҳат фаро гирифта шуданд

ХУҶАНД. Яке аз истироҳатгоҳҳои овозадори бачагонаи вилояти Суғд- «Парвоз» низ ба фаъолият оғоз намуд. «Парвоз» дар басти якум 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳат фаро гирифт. Дар расми кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз», ки дар мавзеи хушбоду ҳавои «Қотма»- и ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ аст, намояндагон аз мақомот ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ширкат дошта, он аз қабули муждаи сардорони дастаҳо ва хониши Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи рангину хотирмон намоиш дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки аз шумораи умумии истироҳаткунандагон беш аз 30 нафарашонро наврасони ятим ташкил дода, дар ду баст 300 нафар толибилмон ҷалб мегарданд. Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода истироҳат дар ду баст барои наврасон ройгон буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар се басти истироҳатгоҳ беш аз 450 нафар хонандагон фаро гирифта хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>