Бурд ва бохти ҷавонон дар асри технологияи навин

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Бурд ва бохти ҷавонон дар асри технологияи навин» гузаронида шуд, ки дар кори он 42 нафар ҷавонон ширкат ва фикру мулоҳизаҳои худро атрофи мавзӯи мазкур баён доштанд. мудири шуъбаи таблиғоти кумиҷроияи вилоятӣ — Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Халилзода Набиҷон зимни ифтитоҳи мизи мудаввар баён дошт, ки асри 21 асри иттилоот ва техника буда, ҳамарӯза инсоният аз воситаҳои муосири технологӣ фаровон истифода мебарад. Тадбири маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди компютеркунони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои бештар огоҳӣ пайдо кардани хонандагон кӯмаки калон намуд. Мирсаид Мирсаидов ва Меъроҷ Абдураҳмонов дар маърӯзахои худ оид ба дуруст ва самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет маълумот доданд. Аҳли иштирокдорон аз баргузории мизи мудаввар изҳори қаноатмандӣ намуда, таклиф намуданд, ки чунин мизи мудавар дар бедории шуури ҷавонон таккони ҷиддие хоҳад бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>