Баргузор намудани хатнасури фарзандон аз оилаҳои ниёзманд

КОНИБОДОМ. Санаи 29 июл бо иқдоми вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ҲХДТ Нуъмонҷон Обидзода ва дастгирии роҳбарияти ҷамоати деҳоти Пӯлодон хатнатӯйи ду нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ҳудуди ҷамоат – Амирҷону Азимҷон барпо карда шуд. Хатнасур дар маркази кӯчаи Маданият бо иштироки оммаи васеи бошандагони деҳа доир карда шуда, барои зиёда аз 300 нафар дастурхони идона ороста шуд. Дар хатнасур муовини раиси шаҳр Асрор Ғуфронзода ширкат варзида, кӯдакон ва пайвандони онҳоро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод гуфт. Инчунин дар маъракаи мазкур Вакили Маҷлиси вилоятӣ Нуъмонҷон Обидзода ва раиси ҷамоат Набиҷон Ализода иштирок намуда, бо суханони самимӣ шодишарики хурсандии кӯдакон гаштанд. Аз тарафи санъаткорони мумтози шаҳр созу таронаҳои дилошӯб садо дода, хатнасур дар сатҳи баланди ташкилӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гашт. Аз тарафи ваикли Маҷлиси вилоятӣ Н.Обидзода ба тифлакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Шоду хурсандии кӯдаконро ҳадду канор набуд. Воқеан ҳам иҷрои амалҳои савоб, дастгирии оилаҳои ниёзманд, хоса хурсандӣ ато намудан ба кӯдакон ва дасти мадад дароз намудан ба онҳо аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, хушбахтона, дар шаҳрамон сафи саховатпешагоне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, рӯз аз рӯз меафзояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>