Қадршиносии Ҷаҳон Қурбонов

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода муштзани маъруф Ҷаҳон Қурбоновро ҳамроҳи мураббияш Баҳром Усмонов ба ҳузур пазируфт. Сарфароз Фаттоҳзода ин варзишгари номиро бо дастоварди навбатӣ аз номи ҳизбиёни вилоят табрик гуфт. Ёдовар мешавем, ки муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гардид. Ин мусобиқаи бонуфузи варзишӣ дар пойтахти кишвари Ӯзбекистон – Тошканд ҷараён гирифта, дар риштаи бокс 179 варзишгар аз 28 кишвар қувваозмоӣ намуданд. Аз ҷумла, 8 нафар муштзанҳои тоҷик низ дар ин мусобиқот ширкат варзида, шарафи Тоҷикистонро боло бардоштанд. Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 90 кг мусобиқаро аз чорякфинал оғоз намуда, дар нимфинал аз болои рақибаш – муштзани покистонӣ ғалаба кард. Ҳарчанд, рақобати Ҷаҳон дар даври ниҳоӣ бобарор набуд, вале дастоварди ӯ боиси сарфарозист, зикр гардид зимни сӯҳбат. Ҷаҳон Қурбонов таассуроти худ аз Чемпионати Осиёро нақл карда, зикр намуд, ки ба мусобиқаҳои оянда бо ҷидду ҷаҳди бештар омодагӣ мебинад ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дарIMG_7888 IMG_7893арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Вай ҳамчунин, аз дастгириҳои пайвастаи ҲХДТ, ки худ аз аъзои фаъоли он мебошад, ёдовар шуда, гуфт, ки дар рушду пешрафти вай ин ҳизби сиёсӣ нақши барҷаста дорад. Мураббии Ҷаҳон Қурбонов – Баҳром Усмонов гуфт, ки дастоварди навбатии ин муштзани номӣ шоёни таҳсин буда, онҳо кӯшиш мекунанд, барои ноил гаштан ба муваффақияти бештар талош варзанд, зеро барои пешрафту инкишофи варзишгарон дар кишвар шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо рӯҳбаландӣ аз муваффақиятҳои Ҷаҳон Қурбонов омодагии кумиҷроияро ҷиҳати дастгирии ин варзишгар баён намуд. Вай ҳамчунин, Ҷаҳон Қурбонов ва мураббии вайро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр кард. Ҳамчун рамзи эҳтирому эътимод ба ин аъзои фаъоли ҳизб – Ҷаҳон Қурбонов Парчами ҲХДТ тӯҳфа карда шуд. Ҷаҳон Қурбонов барои чунин таваҷҷӯҳу дастгирӣ изҳори ташаккур кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>