Эҳтироми рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ

СПИТАМЕН. Имрузҳо сар то сари кишвари биҳиштосои мо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дар байни хурду калон, пирони барнодил ва сокинони кору касбашон гуногун баррасӣ шуда истодааст. Инчунин, кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, дар асоси нақшаи тасдиқгардида тасмим гирифтаанд, ки корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро вобаста ба аҳамият ва зарурати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсила вохӯриҳоро баргузор намояд.   Санаи 27 июли соли равон, дар толори муассисаи таҳсилоти томактабии №1, ҳамаи кормандон, аъзоёни кумитаи падару модарони ин муассиса зиёда аз — 30 нафар ҷамъ омада бо намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, мудири бахши кор бо занони кумита Надирова Фарида ва мутахассиси омории  кумита Обидҷонова Фарзона дар атрофи ду масъалаи басо муҳим – арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги либоси миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус ҷавонону ояндагони давлат-насли навраси ба воя расида истода таъсири амиқ доранд, суҳбату гуфтугузори ошкоро барпо намуданд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,ки забони давлатӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи муқаддастарини ҳар яки мо соҳибватани ин сарзамини биҳиштосо мебошад. Вазифаи дигари муҳими давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон,  ин ҳифзи  фарҳанги  миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ,ки арзиши ниҳоят бузург дорад, ба ҳисоб меравад. Ҳифзи ҳамаи ин рукнҳо, ба насли наврасу ояндасоз, гузоштани мероси ганҷинаи маънавии халқи азизамон мебошад. Мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроия Надирова Ф     барои бештару бештар тарғиб намудани сару либоси миллӣ сухан ронда даъват намуд, ки пеши роҳи тақлиду таасуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем. Иштироккунандагон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, иброз намуданд, ки баҳри амалисозии қонуни миллӣ ҳиссагузор мегарданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, дар вазъи тантанавӣ, ба 7 нафар кормандони фаъоли МТТ №1, ки бо хоҳиши худ, барои ба сафи ҲХДТ аъзо шудан, ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>