Танзим назорати пайвастаро талаб мекунад

БӮСТОН. Тибқи дастуру супоришҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар шаҳр силсилавохӯриҳо оиди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷаншу  маросимҳои  миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардида истодааст. Вохӯрии навбатӣ дар Касри фарҳанги шаҳр бо иштироки намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии  халқ, раисон ва аъзоёни  комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва  ҷашну маросимҳо дар корхонаву ташкилотҳои шаҳр баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳисоботи  комиссияи доимии шаҳр аз ҷониби  котиби комиссия баррасӣ гардида, қайд гардид, ки  алҳол дар шаҳр 2 комиссияи доимӣ ва  44 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр амал намуда, дар татбиқи Қонуни мазкур  саҳмгузор  ҳастанд. Муовини Раиси шаҳр  Зоирӣ Ғ.М. дар баромади хеш қайд намуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  пас аз  қабули Қонуни мазкур, ки аз қабули он даҳ сол сипарӣ шуд, шумораи тӯю маъракаҳо афзуда, хароҷотҳо нисбат ба  солҳои пешина  ду маротиба  кам гардидааст. Дар  вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ  дар шаҳр оид ба дастуру  супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи  иҷрои талаботҳои Қонуни мазкур сухан кард.     Чунин вохӯриҳои судманд дар шаҳр идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>