Ҷаласаи васеи Кумиҷроия баргузор гардид

ГУЛИСТОН. Санаи 27-уми июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи васеи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Роҳбари дастгоҳи Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ  Фаррух Зоҳидов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мадализода Илҳом Раҳим, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон аз ҲХДТ, аъзои Шӯрои собиқадорон, аъзои Шӯрои занон ва ҷавонон, фаъолони ҳизб ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаш масъала мавриди баррасӣгардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Масъалаи асосии ҷаласа омӯзиши суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи 10-солагии қабули Қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  муҳокима ва тасдиқи нақшаи КИШ барои нимсолаи дуюми соли 2017 буд. Перомуни ин масъала Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода баромад намуда, иқтибосҳои зиёде аз суханрониҳои Президент овард. Дар поён ба 15 нафар аъзоёни навинтихобшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дода шуда, ба 5 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>