Исрофкориро маҳкум мекунем

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 27 июл дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии кумитаи иҷроия бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, вакилони маҳаллӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, раисони шӯрои занон, бибиотунҳо, ходимони дин ва фаъолон  баргузор гардид.  Ҳамчунин дар чорабинии мазкур намояндаи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармутахасиси шӯъбаи дин ва танзими МИҲД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  иштирок ва баромад намуданд.  Дар мулоқот масъалаи роҳу усулҳои пешгирии исрофкори дар тӯю маъракаҳо мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахштда ба 10 – солагии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо аҳли ҷамоатчиги ва шахсони барӯманди кишвар нисбати амалигардонии қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъулин ва фаъолон дастуру супориш доданд, ки дар маҳалҳо рафти иҷрои қонуни мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз ҳамин нуқтаи назар бештар ба ин масъала эътибори хоса дода шуд. Ҳамзамон баромадкунандаҳо зимни суханрониашон  оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷанҷоли оилаҳои носолим, хушунати хонаводагӣ, аз байн бурдани никоҳи хешу таборӣ, омода намудани духтарону ҷавонписарон ба оиладорӣ ва омӯзонидани масъулияти мустақилият дар ҳаёт, мустаҳкам намудани алоқаи доимии  волидайн бо мактаб истода гузаштанд.  Дар охири мулоқотҳо раисони кумитаиҳои маҳалла, ходимони дин ва фаъолон доири бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фикру андешаҳои хешро иброз намуда, баҳри пешбурди кор таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>