Оғози ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ

СУҒД. Дар назди бинои  Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд  ярмарка — фурӯши лавозимоти мактабӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳии ярмарка муовини Раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат,  муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва як қатор хонандагону волидон ва устодони мактабҳои миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Файзуллозода Заробиддин Қудрат — муовини Раиси вилоят зимни суханронӣ қайд намуд, ки ярмаркаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардида чунин ярмаркаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки хонандагон аз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ истифода баранд. Хол Ҳайдар -муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ташкилкунандагони чорабинӣ  миннатдорӣ баён кард ва аз маҳсулоти пешкаш намуда изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар рафти чорабинӣ ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>