ЭЙ ДУСАД ЛАЪНАТ БАР ИН ТАҚЛИД БОД!

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти комили худро ба даст овард. Пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Баъд аз Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар дили ҳар як сокини меҳанпарасту худшиносӣ кишвар ба таври хоса ҷой гирифт. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ бо ташаббусҳои созанда ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлат, балки ҳамчун мамлакати ташаббускор эътироф карданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби дигар давлатҳо имрӯз омӯхта мешавад. Эълон гардидани ду даҳсолаи байналхалқӣ оид ба масъалаи об бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз обрӯю эътибори давлати мо шаҳодат медиҳад. Давлатҳои ҷавон дар раванди давлатсозӣ баъзан қонунҳое қабул мекунанд, ки онҳо хоси ин давра буда, барои пойдории давлат ва мустаҳкам намудани пояҳои он, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти давлат, рушди ҷомеа ва ахлоқ равона мегарданд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое амал мекунанд, ки дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» маҳз яке аз ҳамин гуна қонун буда, пеш аз ҳама, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани амнияти шаҳрвандон равона гардидааст. Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои  муҳими  зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд.  Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи  наслҳои оянда низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардуми мо оварда буд. Қисме аз аҳоли бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад. Дар натиҷаи ин амалҳо таассубкорон баъзан зери қарз аз бонкҳо ва шахсон қарор гирифта, дар натиҷа ҳатто ҳодисаҳои нохуше ба монанди худкушӣ, дуздӣ ва бекоршавии оилаҳои ҷавон ба чашм мерасад. Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар  бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, барои ҳар як сокини кишвари мо як ҷаҳон маънӣ аз китоби зиндагинома мебошад.  Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо таъриху фарҳанги пурғановату оламгир, омӯзишу такмили дастовардҳои фарҳанги муосир дар ҷодаи бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «муъмин бояд барои беҳбудии худ, саодати оилааш кӯшиш намояд, на бар зарари хеш». Ҷаноби Олӣ вобаста ба ин ҳадисе аз  Қуръонро мисол оварданд, ки дар он омадааст: «Худо парҳезкоронро дӯст медорад». Ин ҷо парҳез аз ҳама аъмоле дар назар дошта шудааст, ки бар зарару зиёни худи мардум аст: парҳез аз  баднафсӣ,  бегонапарастӣ,   тақлидкорӣ ва исрофкорӣ мебошад. Ин амалҳо садҳо сол пеш дар осору ашъори бузургони адабиётамон низ мазаммат шудаанд. Дар ин ҷода Мавлавии бузург дуруст фармудааст:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Имрӯз ҳатто иқтисодчиёни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ сарфа кардани хароҷотро яке аз унсурҳои асосӣ бо мақсади устувор нигаҳдории иқтисодиёти кишварҳои хеш мешуморанд. Онҳо дар мавридҳое таъкид сохтаанд: «Агар роҳи зиёд кардани даромади хешро дарёфт накунӣ, пас хароҷоти худро кам намо». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз қабул ва амалисозӣ собит сохт, ки он ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба таври назаррас мусоидат мекунад. Қонуни мазкур ҳамчунин ба тарзи дурусти фарҳангӣ оростани маъракаҳо низ таъсири мусбат расонида, мардум мустақилона дарк намуд, ки он ба манфиату некӯаҳволии онҳост. Амалисозии қонуни мазкур сол то сол ба сатҳи некӯаҳволии мардум беҳбудӣ бахшида, қабули он муҳиму саривақтӣ ва таҷрибаи мусбати андӯхта аз он барои аксари кишварҳои ҳамсоя метавонад намунаи хубе бошад. Тавре дар моддаи 1-уми Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои  гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст». Тақлиди  беасос низ, ки боиси аз байн рафтани фарҳангҳо, миллатҳо ва давлатҳои том мегарданд, натиҷаи хурофоту таассуб ва нодонию ҷаҳолат мебошад. Натиҷаи ҷаҳолату бегонапарастӣ ва тақлид ба арзишҳои бегона мардуми якчанд давлатҳоро ба монанди Сурия, Ироқ, Ливан, Украина  ба чӣ фалокате рӯ ба рӯ кардааст ҳамаи мо хуб дида истодааем. Дар натиҷаи ҷангҳои шаҳрвандии ин кишварҳо садҳо ҳазор кушта шуданд, шаҳрҳои обод харобу валангор гардиданд, давлатҳо дар ҳоли аз байн рафтан қарор дорад. Чӣ тавре, ки дар якчанд баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ба такрор таъкид месозанд, «Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд». Қонуни мазкур натанҳо мақсади ба танзим даровардани тӯю маъракаҳои азодориро дар худ таҷассум кардааст, инчунин нигаҳдоштани фарҳанги миллӣ, анъана ва урфу одатҳои якчандасраи миллати тоҷикро низ дар бар мегирад. Вале мутаассифона дар ҷомеаи мо зуҳуроти нангини бегонапарастӣ хусусан дар сару либосҳои духтарону бонувони бо ном «замонавӣ» ба чашм мерасанд. Моро зарур аст, ки бештар бо мақсади нигаҳдории фарҳанги либоспушии миллӣ ва тоҷиконаи хеш тарғиботро бештар ба роҳ монда, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем. Амали қонун ба афзоиши баргузории маърака, аз ҷумла тӯйҳои хайриявӣ мусоидат  намуда, ба ин васила маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ барои камбизоатон эҳё гардид. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи шахсони саховатманд, вазорату идораҳо ва ташкилоту  муассисаҳо дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи Истиқлолияти давлатӣ хатнасури тифлон ва тӯйи домодию арӯсии навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона ба ҳукми анъанаҳо дохил гардид. Аз ҷумла бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  давоми 3 соли охир  туйи суннатии 29 нафар тифлон ва тӯйи домодию арӯсии 1 ҷуфт ҷавонон  гузаронида шуд. Хулоса, давлат ва миллати тоҷик дорои марзу бум, фарҳангу забон ва адабиёту санъат буда, тамоми сарватҳои кишвар ба халқ мансубанд. Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо осонӣ ба даст наомадааст. Тоҷикистон аз имтиҳони таърих бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони баору номуси миллат бори дигар сарбаландона гузаштааст, гӯем хато намекунем. Бо ифтихор метавон гуфт, ки яке аз комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор рафта бори дигар мақому манзалати кишвари моро  дар арсаи байналмилалӣ боло бурда боиси омӯзиши кишварҳои ҳамсоя гардид.

      Парвизҷон Дониёров

Роҳбари намояндагии ТҶҶ

                                                                                 «Созандагони  Ватан»  дар ноҳияи Зафаробод                     

ЭЙ ДУСАД ЛАЪНАТ БАР ИН ТАҚЛИД БОД!»  

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти комили худро ба даст овард. Пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Баъд аз Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар дили ҳар як сокини меҳанпарасту худшиносӣ кишвар ба таври хоса ҷой гирифт. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ бо ташаббусҳои созанда ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлат, балки ҳамчун мамлакати ташаббускор эътироф карданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби дигардавлатҳо имрӯз омӯхта мешавад. Эълон гардидани ду даҳсолаи байналхалқӣ оид ба масъалаи об бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз обрӯю эътибори давлати мо шаҳодат медиҳад. Давлатҳои ҷавон дар раванди давлатсозӣ баъзан қонунҳое қабул мекунанд, ки онҳо хоси ин давра буда, барои пойдории давлат ва мустаҳкам намудани пояҳои он, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти давлат, рушди ҷомеа ва ахлоқ равона мегарданд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое амал мекунанд, ки дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» маҳз яке аз ҳамин гуна қонун буда, пеш аз ҳама, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани амнияти шаҳрвандон равона гардидааст. Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои  муҳими  зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд.  Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи  наслҳои оянда низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардуми мо оварда буд. Қисме аз аҳоли бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад. Дар натиҷаи ин амалҳо таассубкорон баъзан зери қарз аз бонкҳо ва шахсон қарор гирифта, дар натиҷа ҳатто ҳодисаҳои нохуше ба монанди худкушӣ, дуздӣ ва бекоршавии оилаҳои ҷавон ба чашм мерасад. Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар  бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, барои ҳар як сокини кишвари мо як ҷаҳон маънӣ аз китоби зиндагинома мебошад.  Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо таъриху фарҳанги пурғановату оламгир, омӯзишу такмили дастовардҳои фарҳанги муосир дар ҷодаи бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «муъмин бояд барои беҳбудии худ, саодати оилааш кӯшиш намояд, на бар зарари хеш». Ҷаноби Олӣ вобаста ба ин ҳадисе аз  Қуръонро мисол оварданд, ки дар он омадааст: «Худо парҳезкоронро дӯст медорад». Ин ҷо парҳез аз ҳама аъмоле дар назар дошта шудааст, ки бар зарару зиёни худи мардум аст: парҳез аз  баднафсӣ,  бегонапарастӣ,   тақлидкорӣ ва исрофкорӣ мебошад. Ин амалҳо садҳо сол пеш дар осору ашъори бузургони адабиётамон низ мазаммат шудаанд. Дар ин ҷода Мавлавии бузург дуруст фармудааст:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Имрӯз ҳатто иқтисодчиёни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ сарфа кардани хароҷотро яке аз унсурҳои асосӣ бо мақсади устувор нигаҳдории иқтисодиёти кишварҳои хеш мешуморанд. Онҳо дар мавридҳое таъкид сохтаанд: «Агар роҳи зиёд кардани даромади хешро дарёфт накунӣ, пас хароҷоти худро кам намо». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз қабул ва амалисозӣ собит сохт, ки он ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба таври назаррас мусоидат мекунад. Қонуни мазкур ҳамчунин ба тарзи дурусти фарҳангӣ оростани маъракаҳо низ таъсири мусбат расонида, мардум мустақилона дарк намуд, ки он ба манфиату некӯаҳволии онҳост. Амалисозии қонуни мазкур сол то сол ба сатҳи некӯаҳволии мардум беҳбудӣ бахшида, қабули он муҳиму саривақтӣ ва таҷрибаи мусбати андӯхта аз он барои аксари кишварҳои ҳамсоя метавонад намунаи хубе бошад. Тавре дар моддаи 1-уми Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои  гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст». Тақлиди  беасос низ, ки боиси аз байн рафтани фарҳангҳо, миллатҳо ва давлатҳои том мегарданд, натиҷаи хурофоту таассуб ва нодонию ҷаҳолат мебошад. Натиҷаи ҷаҳолату бегонапарастӣ ва тақлид ба арзишҳои бегона мардуми якчанд давлатҳоро ба монанди Сурия, Ироқ, Ливан, Украина  ба чӣ фалокате рӯ ба рӯ кардааст ҳамаи мо хуб дида истодааем. Дар натиҷаи ҷангҳои шаҳрвандии ин кишварҳо садҳо ҳазор кушта шуданд, шаҳрҳои обод харобу валангор гардиданд, давлатҳо дар ҳоли аз байн рафтан қарор дорад. Чӣ тавре, ки дар якчанд баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ба такрор таъкид месозанд, «Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд». Қонуни мазкур натанҳо мақсади ба танзим даровардани тӯю маъракаҳои азодориро дар худ таҷассум кардааст, инчунин нигаҳдоштани фарҳанги миллӣ, анъана ва урфу одатҳои якчандасраи миллати тоҷикро низ дар бар мегирад. Вале мутаассифона дар ҷомеаи мо зуҳуроти нангини бегонапарастӣ хусусан дар сару либосҳои духтарону бонувони бо ном «замонавӣ» ба чашм мерасанд. Моро зарур аст, ки бештар бо мақсади нигаҳдории фарҳанги либоспушии миллӣ ва тоҷиконаи хеш тарғиботро бештар ба роҳ монда, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем. Амали қонун ба афзоиши баргузории маърака, аз ҷумла тӯйҳои хайриявӣ мусоидат  намуда, ба ин васила маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ барои камбизоатон эҳё гардид. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи шахсони саховатманд, вазорату идораҳо ва ташкилоту  муассисаҳо дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи Истиқлолияти давлатӣ хатнасури тифлон ва тӯйи домодию арӯсии навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона ба ҳукми анъанаҳо дохил гардид. Аз ҷумла бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  давоми 3 соли охир  туйи суннатии 29 нафар тифлон ва тӯйи домодию арӯсии 1 ҷуфт ҷавонон  гузаронида шуд. Хулоса, давлат ва миллати тоҷик дорои марзу бум, фарҳангу забон ва адабиёту санъат буда, тамоми сарватҳои кишвар ба халқ мансубанд. Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо осонӣ ба даст наомадааст. Тоҷикистон аз имтиҳони таърих бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони баору номуси миллат бори дигар сарбаландона гузаштааст, гӯем хато намекунем. Бо ифтихор метавон гуфт, ки яке аз комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор рафта бори дигар мақому манзалати кишвари моро  дар арсаи байналмилалӣ боло бурда боиси омӯзиши кишварҳои ҳамсоя гардид.

 

      Парвизҷон Дониёров

Роҳбари намояндагии ТҶҶ

 «Созандагони  Ватан»  дар ноҳияи Зафаробод                     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>