Намакнашносон

АНДЕША. Агар ба таърихи башарият назар афканем, дар ҳама давру замон дар қатори фарзандони бонангу ор ва Ватандӯст, ёфт мешаванд фарзандони нохалаф ва намакнашносу носипос, ки барои нафси аммораашон аз баҳри Ватан-Модар ва тамоми муқаддасоти миллату давлати худ мегузаранд. Собиқ ҲНИТ, ки соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти экстремистию терористӣ эълон гардидааст, давоми фаъолияташ ба ин давлату миллат ва дини мубини ислом ягон хизмате накардааст. Ба ҷуз тафриқаандозию нооромсозии ҷомеа. Дар раванди барқароркунии сулҳу ваҳдат ва хомӯш гардонидани оташи ҷанги бароданкуши солҳои 90-уми асри гузашта, баҳри расидан ба сулҳи комил дар Тоҷикистони азиз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, ба тарафи мухолиф имконияту гузаштҳоро доданд. Дирӯза намояндаҳои мухолифинро ба қатори хизматчиҳои давлатӣ, аз коргари оддӣ то роҳбарикунада, қабул карданд. Шумо намкнашносӣ карде два ба қадри он нарасидед. Дар аввалин фурсат ба дасисабозӣ пардохтед. Аммо роҳбарону аъзоёни ин Ташкилоти экстремистию терористӣ тӯли ин солҳо, чун ақрабҳои зери бурё, баҳри нешзадан ба ин миллату давлат нақшаҳои касифи худро кашида, пайти мувофиқро меҷустаанд. Мардуми тоҷик аз ин фанду фиреб ва назарпардозиҳои онҳо ба хубӣ огоҳ гаштаанд. Чун ки бо гузашти солҳо аз фурсатҳои муносиб истифода карда, дасисаҳои нав ба навро сари ин миллат меоварданд. Мардуми тоҷик дигар фирефтаи суханпардозиҳои шумо аҳриманҳо намегардад, чун ки чеҳраи воқеиятонро аллакай шинохтааст. Гузашти замон нишон дод, ки тамоми кушиши роҳбарони онҳо, Кабирӣ ва дигарон, ба ҷуз сарвату мол ва сармоя ба даст овардан набудааст. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо, гоҳ-гоҳе  овоз баланд мекунанд ва гӯё барои ин миллат ғамхору дилсӯзанд. Не ҷанобон, ҳама медонанд, ки шумо ҳаргоҳ аз хоҷагонатон дастмузде мегиред, бояд чун сагони кӯчагию овора аккос занед. Аккос задан гиред, зеро аз он ба корвони Истиқлолияту Ваҳдати миллии мо тоҷикон зараре нахоҳад расид. Воқеаҳои сентябри соли 2015 дилу нияти шуморо нисбати ин сарзамину ин миллат нишон дод, ки аслан пешрафту шукуфоиашро намехостаед ва то абад нафрати халқу Ватан насиби шумост. Нону намаки ин миллат ва Ватан шуморо кур месозад ва дар ғарибиҳо дар ба дар овораю сарсон мегардед. Зеро шумо ба қадри Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, сарзамини биҳиштосо ва аз ҳама муҳимаш ба боварии халқ нарасидед, чунки намакнашносед. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар гирди Пешвои худ сарҷамъ омада, ба бузургтарин ҷашнҳои миллат- 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолият, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ омодагӣ дида истодааст. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашнҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар саросари Тоҷикистон идома дорад. Мо ин Ватанро бе шумо ҳам ободу зебо мегардонему Истиқлолияту Ваҳдаташро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Шумо бошед  аз дур нигоҳ карда, чизе ки хоҷагонатон мефармоянд ҳамонро нисбати миллату Ватан тавҳин мекунед. Мардуми тоҷик хатари мавҷудиятатонро дарку эҳсос намуда, аз шум орӯ гардонидааст. Шумо нафринкардаи халқед. Нону намаки Ватан шуморо кур месозад инро фаромӯш насозед!                                                

 

                                                          Парвиз Устопиров

КИ ҲХДТ дар ноҳияи

Ҷаббор Расулов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>