Тағйироту иловаҳо – ифодакунандаи манфиати мардум

АНДЕША. Шарафи бузург бароям муяссар гардид, ки дар мулоқоти Пешвои миллат Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкат намоям.Бояд зикр кард, ки қонуни мазкур талаботи замон буда, дар амалӣ гардолнидани нақшаҳои давлату ҳукумат такягоҳи боэътимод ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати ояндасози Сарвари муаззами кишварамон танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷойгаҳи махсус дорад. Роҳбарияти олии сиёсӣ ва ҳукумат хоҳони он аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар оростани маъракаҳо ва тақлиди кӯркӯрона, бегонапарастию булҳавасӣ канораҷӯӣ намоянд.  Таи 10 соли гузашта қонуни танзим дар тафаккури мардум табаддулоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Пеш аз ҳама зарару фоидаи амали хешро дар гузаронидани тӯю маъракаҳои серхарҷ дарк мекардагӣ шуданд.  Зимни суханронӣ Пешвои миллат бо як дилсӯзӣ ва самимият нисбат ба ояндаи миллат қайд намуданд, ки дар масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросимҳои модарон нақши асосӣ доранд. Аз ин хотир онҳо бояд бо сабру таҳаммул бошанд, ба зоҳирпарастиву худнамоӣ, кибру ғурур  ва кӯшишҳои худро аз дигарон боло гузоштан роҳ надиҳанд, аз сарфу хароҷоти зиёдативу нораво ва гузаронидани маъракаҳое, ки қонун онҳоро манъ кардааст, худдорӣ намоянд. Ман ҳамчун иштирокчии ин мулоқот таваҷҷӯҳи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат равона менамоям.Аз ин хотир комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор намудани вохӯриҳоро бо фаъолони ҳизб ба нақша гирифтааст, ки як моҳ идома хоҳад ёфт.  Имрӯз зарурияте пеш омад, ки ба қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шавад, Ин талаботи пешрафти ҷомеа аст. Лозим ба ёдоварист, ки то ҳанӯз байни мардум маъракаҳои зиёдатӣ, аз ҷумлаи додани оши «чиҳил» ва «оши сол» ба назар мерасад, ки ба ин гуна маъракаҳо бояд хотима бахшид.  Сарвари давлат дар суханронии хеш бори дигар собит намуданд, ки ғамхорӣ нисбати халқи худ мароми асосиашон мебошад. Бо назардошти таклифу дархости аҳли ҷомеа ба ҳукумат супориш доданд, ки давоми ду моҳ қонун дар таҳрири нав пешниҳод карда шавад.   Ҷомеаро зарур аст, ки ба ҳаёт бо нигоҳи нав назар карда, моҳияти қонунро хуб дарк намоянд в дар доираи талаботи он зиндаги и хешро пеш баранд.

 

                                                            Хуршеда Холматова

    Муовини раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>