Вохӯрӣ бо фаъолзанони ҳизб

АЙНӢ.  Бо мақсади тарғиб ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” бахши кор бо занони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ  бо роҳбарони гурӯҳҳои тарғиботӣ ва фаъолзанон вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон доир ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, Раиси муаззами ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки дар вохӯрӣ бо фаъолон бахшида ба 10-солагии Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” баён гардиданд, ҳамзамон оид ба пешгирии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонону духтарон ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар ва ғайра сӯҳбат гузаронида шуд.Фаъолзанон Ҷурақулова  Сулҳия, Ҷумъаева  Муборак  ва  Раҳмонова Гулнисо  доир ба риояи Қонуни танзим фикру мулоҳизаҳояшонро иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>