Зан – ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст…

ДЕВАШТИЧ. Дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич мулоқоти гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки занҳои фаъоли деҳа доир ба мавзӯи дастовардҳои амали қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он инчунин сарварони ду муассисаи таълимии ҳудуди деҳа, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва имом-хатиби масҷиди ҷомеъи деҳа ширкат ва маърӯзаҳо намуданд. Дар рафти мулоқоти зикршуда, бобати нақши Зан – Модар дар татбиқи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо басо муҳим арзёбӣ гардида, саҳми онҳо дар сарфаю сариштакорӣ, ба тақлидкориву изофаравӣ даст назадану дар руҳияи эҳтироми анъанаву урфу одатҳои миллӣ баргузор шудани маросимҳои гуногуни тоҷикона дар шароити кунунӣ, ки ҳадафӣ асосиву аслӣ ин – фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад, хело саривақтию талаби зарурӣ аст. Беҳбуд бахшидан ба шароити иҷтимоиву маъишӣ ва иқтисодию фарҳангии оила, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи арҷгузорӣ ва посдории арзишҳои миллӣ, дар қалбу мағзи онҳо ҷой намудани эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузаштаву имрӯзу фардо маҳз аз сатҳу дараҷаи солеҳиву порсогӣ ва маърифату ҷаҳонбинии занҳо вобастагии калон дорад. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд: «Ҳаёт собит месозад, дар он хонаводае, ки Зан – Модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд». Аз ин рӯй, аз ҷониби маърӯзачиён Комрон Исмоилзода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Маъмурбой Додобоев – вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Ҷумъабой Маъмуров – раиси Шӯрои маҳалла дар баробари ба самъи иштирокчиёни мулоқот расонидани муҳтавои вохӯрии Сарвари давлат бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бобати 10 солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин нисбати масъулияти шаҳрвандӣ дар риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он низ суханронӣ намуданд. Хотимаи мулоқот бо пурсишу ҷавобҳои мушаххас анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>