Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеъ бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баёнгардида ва дар асоси нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаҳмонида додани моҳияти аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 27 июли соли 2017 дар толори Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз бо ҷавонону духтароне, ки оила бунёд карданианд ва волидонашон, вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз Бойназарова Ҷамила ва мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо ба иштирокчиён дар бораи муҳтаво ва мақсаду ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби сарфаю сариштакорӣ дар баргузор намудани ҷашну маросимҳо роҳ, надодан ба зиёдаравӣ суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>