Ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат дар шаҳраки Ғончӣ

ДЕВАШТИЧ. Имрӯз мардуми баору номус ва меҳнатдӯсти Ватани азизамон бо муҳаббати зиёд баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки неъмати бузургтарин ба ҳисоб меравад, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри созандагиву сулҳу субот, якпорчагӣ ва ягонагии миллат, бо ҳисси ватандориву ватандӯстӣ кӯшиши беандоза ба харҷ дода истодаанд. Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои ободу зебо гардонидани тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ корҳои зиёди ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маром идома доранд. Ин буд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардум ва тарбияи насли наврас дар руҳияи идомадиҳии корҳои бузурги созандагии падарон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, шахсони саховатпеша ва мардуми меҳнатдӯсту ватанпарвар тариқи дастаҷамъона бо роҳи ҳашар дар маҳаллаи Саттор Ашӯр бунёди як иншооти зебову барҳавои маъишиву иҷтимоӣ яъне, истироҳатгоҳ барои насли наврас ва сокинони маҳаллаи зикршуда дар руҳияи болидаву сарҷамъӣ бунёд гардида истодааст. Ин нишонаи он аст, ки мардуми ғамхору меҳнатдӯсти ноҳияи Деваштич бо амалҳои неку ташаббускориашон шукронаи тинҷиву оромӣ аз Ваҳдати миллӣ ва рушди босубот намуда, барои ободу зебо гаштани як гӯшаи Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузошта, барои насли имрӯзу фардои созанда шароити хуби маъишиву иҷтимоиро муҳайё намуда истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>