Падидаҳои номатлубро маҳкум мекунем

АШТ. Дар асоси нақша-чорабинии Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Ошоба бо иштироки зиёда 45-нафар фаъолони ҷамоат бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Нурматов О. дар мавзӯи «Падидаҳои номатлубро маҳкум мекунем» соати сиёсӣ гузаронида шуд.  Чорабиниро муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Юлдошев З. оғоз намуда, мақсади баргузории чорабиниро баён намуд. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Нурматов О. дар баромади хеш зикр намуд, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризими байналмиллалӣ, шомилшавии махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз, баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имконоти мавҷуда истифода бурда нагузорем, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гардида бошанд. Баъдан дар доираи мавзӯъ сӯҳбати кушод ороста гардида, ҳамагон аз он ба хубӣ бархӯрдор гардиданд. Дар чорабинӣ кормандони масъули ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо. роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ширкат варзиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>