Ҷаласаи ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид

АШТ. Субҳи имруз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷаласаи ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Б.Зиёӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати мутобиқи талаботи Оинномаи ҲХДТ роҳандозӣ намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ корбариро боз ҳам ҷоннок намояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки корҳо махсусан дар ҷодаи гузаронидани корҳои тарғиботӣ, инчунин ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ дар сатҳи дилхоҳ ташкил карда шуда, масъулиятнокӣ дар ин самт тақвият дода шавад. Сипас, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ ва пеш бурдани корҳои ҷорӣ мутобиқи банди 4.4. Оинномаи ҳизб Раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 7 нафар ва Одиев Рустамҷон раиси ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳия интихоб карда шуданд.  Дар ҷаласаи мазкур раиси ноҳия Зариф Мирдадо иштирок ва оид ба  татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҳизбиён, қабули кормандони соҳа ба сафи ҳизб, кор дар байни аҳолӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюли афкори ҷомеа ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд. Дар охир ба 15 нафар аъзоён, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нав пайваст гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>